Ба гузориши агентӣи хабарӣи «Абна», Халил ал-Ҳайя, раиси нави дафтари сиёсии ҳаракати ҲАМОС, дар паёми кӯтоҳе барои ишғолгарон хат ва нишон кашид.
Вай афзуд: ба ишғолгарон мегӯем, ки мо соҳиби ормони Фаластин ҳастем.
Раиси дафтари сиёсии ҲАМОС ба сӯи сионистҳо гуфт: на кушта шудани фарзандон ва на шаҳодати роҳбарону саркардагон моро наметарсонад ва боиси он нахоҳад шуд, ки мо ҳарос ба худ роҳ диҳем.
Ал-Ҳайя дар гуфтугӯ бо роҳбарони гурӯҳҳои фаластинӣ: таҳқиқи ваҳдати миллӣ дар садри авлавиятҳои ҲАМОС қарор дорад
Аз сӯи дигар, шуморае аз роҳбарони гурӯҳҳои муқовимати Фаластин дар тамосҳои телефонӣ алоҳида бо Халил ал-Ҳайя, интихоби ӯро ба унвони раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовимати исломии ҲАМОС ва эътимоди аъзои ин ҷунбиш ба ӯ табрик гуфтанд.
Халил ал-Ҳайя дар ин чаҳорчӯб бо Ҷамил Мазҳар, муовини дабири кулли Ҷабҳаи мардум барои озодии Фаластин; Муҳаммад Даҳлон, раиси ҷараёни ислоҳоти демократии ҷунбиши ФАТҲ; Бассом ас-Солеҳӣ, дабири кулли Ҳизби мардуми Фаластин ва Ҷабрил ар-Раҷуб, узви Кумитаи марказии ҷунбиши ФАТҲ, гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.
Ал-Ҳайя дар ин тамосҳо таъкид кард, ки таҳқиқи ваҳдати миллати Фаластин дар садри авлавиятҳое қарор дорад, ки ӯ ва роҳбарии ҲАМОС барои дастёбӣ ба он дар марҳилаи пеш рӯ кӯшиш хоҳанд кард.
Your Comment